қаҳр

қаҳр
[قهر]
а
1. кит. ғалаба, ғолибият
2. хашм, ғазаб; итоб: қаҳру ғазаб, қаҳру ҷаҳл, қаҳру ситеза
3. тарки рафтуомад ва гуфтугӯ, ногапӣ бо касе; аз қаҳр аз хашм, аз ғазаб; аз қаҳру ғазаб аз ғояти хашму ғазаб; ба қаҳр ниг. бо қаҳр; дар болои хашму ғазаб, дар сари хашму ғазаб; бо қаҳр а) бо хашму ғазаб, аз рӯи ҷаҳлу ситеза; б) хашмгинона, ғазаболудона; дар сари қаҳру ғазаб дар болои хашму ғазаб, дар ҳолати ғазабнокӣ; қаҳр кардан а) хашмгин шудан, ғазабнок шудан; б) ҷаҳлу ситеза кардан; шӯридан, ошуфта шудан; эътироз кардан; в) тарки муошират кардан, ногап шудан ба касе; рӯй гардондан аз касе; қаҳри касеро овардан тарзи бавоситаи қаҳри касе омадан касеро хашмгин кардан, ҷаҳли касеро овардан; қаҳри касе омадан дар ғазаб шудан, хашмгин шудани касе; аз касе қаҳр кардан ранҷидан, хафа шудан; ба қаҳр омадан ба ғазаб омадан, хашмгин шудан; ба қаҳр овардан тарзи бевоситаи ба қаҳр омадан ба ғазаб овардан, хашмгин кардан, барангехтани хашми касе; дар қаҳр будан хашмгин будан, дар ғазаб будан, ғазабнок будан; дар қаҳр шудан (гаштан) ба ғазаб омадан, хашмгин шудан; оташин шудан; қаҳри фалак ҷаври замон; қаҳри касе гирифтан хашмнок шудан, дар ғазаб шудан; қаҳри касе дар нӯги биниаш будан одами зуд қаҳркунанда, қаҳргин, ба андак гапу коре бахашмоянда; оташи қаҳри касе аланга задан (ё забона гирифтан) шиддат гирифтани хашму ғазаби касе, сахт ба хашму ғазаб омадани касе; аз қаҳр фуромадан хашму ғазаби худро фурӯ нишондан; таскин ёфтан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»